Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ донишҷӯи 20-солаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва савдои Тоҷикистонро аз ғарқшавӣ дар Сирдарё наҷот доданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, ба туфайли ҷасорату фидокории корманди фаъоли Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Хуҷанд Денис Волнишков донишҷӯи соли дуюми донишгоҳ аз ғарқшавӣ дар Сирдарё ҳангоми оббозӣ наҷот дода шуд.
Зикр гардид, ки донишҷӯ ба қоидаҳои бехатарӣ риоя накарда, аз соҳил хеле дур шино кардааст, вале ҳангоми бозгашт ба соҳил қувваш камӣ мекунад. Баъди наҷот додан ӯ ба кумаки тиббӣ ниёз надоштааст.
Гуфта мешавад, наҷотдиҳандагони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Хуҷанд соли сипаригашта 37 нафар ва аз оғози соли равон 3 нафар шаҳрвандонро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста