Субҳи рӯзи якшанбе дар яке аз манзилҳои навсохти баландошёнаи шаҳри Душанбе лифти он канда шуд, ки дар дохили он занон ва кӯдакони хурдсол қарор доштанд.
Шоҳидони ҳодиса, истиқоматкунандагони хонаи 44/1-и кӯчаи Раҳмон Набив ба «Азия-Плюс» дар ин робита гуфтанд, дар ошёнаи шашуми бино таноб (трос)-и лифт канда шудааст. «Хушбахтона, занону кӯдакони дар дохили он қарордошта, осеби ҷиддӣ надида, танҳо ҷароҳатҳои сабук бардоштанд», - гуфтанд онҳо ва изҳор доштанд, ки шумори дақиқи ҷароҳатбардоштагон ба онҳо маълум нест.
Хонаи нуҳошёна бо суроғаи кӯчаи Раҳмон Набиев 44/1 навсохт буда, чанд сол пеш ба истифода дода шудааст. Ба қавли сокинони ин хона, онҳо мудом бо лифт ва хатти барқ дар ин бино мушкилӣ доштаанд.
Дигар ҷузъиёти ин ҳодиса айни замон маълум нест.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста