Садамаҳои нақлиётие, ки таи ду рӯзи ахир дар ҳудуди кишвар рух доданд, мутаассифона, ба ҳалокати 6 нафар боис гардиданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, 26.05.с.2016, тахминан соати 14.30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ” марди 25-солаи сокини шаҳри Норак ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи А.Қаҳҳоров аз самти кӯчаи Машъал ба самти кӯчаи 50-солагии Тоҷикистони шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаашро чаппа намудааст. Дар натиҷа, ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, 27.05.с.2016, тахминан соати 21.40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 22-солаи сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди “Исфара-Ворух”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурх, чаппа шудааст. Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи мазкур: ҷавонони 22 ва 23-солаи сокинони шаҳри Исфара ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Айни замон як нафар мусофири 22-солаи автомашинаи номбурда, сокини ҳамин шаҳр бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона қарор дорад.
Рӯзи 27.05.с.2016, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-Спринтер”, марди 46-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар километри 109-уми роҳи автомобилгарди “Душанбе-Чаннок”, дар ҳудуди мавзеи “Пете”-и ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони муҳофизатӣ бархӯрда, сипас ба дарёи “Фон” афтидааст.
Дар натиҷа худи ронанда ва мусофири автомашинаи мазкур, марди 40-солаи сокини ноҳияи Деваштич ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд. Бо рух додани ин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ, мутаассифона як нафар мусофири дохили автомашина, зани 51-солаи сокини шаҳри Хуҷанд дар дарё ғарқ шудааст. Барои дарёфт намудани ҷасади зан чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Санаи 27.05.с.2016, ронандаи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ-55111”марди 23-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази Ваҳдат ба самти деҳаи Чиртак, дар километри 23-юми роҳи автомобилгарди “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ”, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи марди 29-солаи сокини ноҳияи Восеъ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ва мусофири автомашинаи мазкур марди 51-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Инчунин, мусофири дигари автомашинаи мазкур марди 54-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста