Дар шаҳри Душанбе аз 12 то 14 июл ҷаласаи нахусти Платформаи минтақавии Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ оид ба коҳиши хавфу хатарҳои офатҳои табиӣ доир мегардад.
Аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ҷаласа бо мақсади амалисозии тавсияҳо барои иҷрои «Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хавфҳои офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030» гузаронида мешавад.
Ба иттилои манбаъ дар ҷаласа ба масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахши коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, вохӯрии роҳбарони мақомоти дахлдори Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба қабули қарорҳои муҳим дар самти аксумал ва пешгирии офатҳои табиӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ ва ҳамчунин роҳандозии ҳамкориҳои пурсамар дар ин самт имкон фароҳам меоварад.
Барномаи қолабии Сендай 18 марти соли 2015 дар Ҷопон қабул шуда, як таркиб ва ҷойгири Барномаи қолабии амали Хиог барои солҳои 2005-2015 - бунёди имконоти муқовимат ба офатҳо дар сатҳи давлат ва ҷамоатҳо мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста