Зимни нишасти хабарии рӯзи 18 июл сардори Раёсати хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон Мулоҳӣ Рӯзиев дар робита ба ҳодисаи таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и ноҳияи Бохтар изҳор намуд, ки тибқи маълумоти пешакӣ, ин воқеъа бо айби ронандаи автомашинаи газкаш рух додааст.
Ба қавли ӯ, вақти холӣ кардани газ ронанда рӯда (шланг)-и интиқоли газро мустаҳкам пайваст накардаааст, ки баъдан аз фишори баланд он аз зарфи дорои сӯзишворӣ канда шуда, оташ мегирад. «Аз ҷониби Раёсати хадамоти оташнишонӣ ин ҳодиса мавриди санҷиш қарор гирифта, сабабҳои сӯхтор таҳқиқу муайян шуданд ва тамоми маводи марбут ба ин ҳодиса ба прокуратураи ноҳияи Бохтар пешниҳод гардид», - гуфт ӯ.
Номбурда хотиррасон намуд, ки бар асари ин таркиш 1 нафар ҳалок ва боз 21 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
Рӯзиев ҳамчунин кори мураттабу бонизоми кормандони Дастаи таъиноти махсус (ОМОН)-и Раёсати ВКД-ро зикр кард, ки саривақт роҳгузарону тамошобинонро аз макони ҳодиса дур кардаанд.
«Мутаассифона, дар бораи ин ҳодиса ба мо дер хабар расид, зеро шоҳидони ҳодиса хеле зиёд ҳузур дошта, танҳо як нафари онҳо, сокини ноҳияи Вахш лозим донистааст, ки ба мо занг зада, доир ба ин ҳодиса хабар диҳад», - таъкид дошт ӯ.
Прокурори ноҳияи Бохтар Хусрав Миралиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар бораи оғози парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ин ҳодиса алҳол қарор қабул нашудааст. «Хулосаи ҳамаи сохторҳои дахлдорро интизорем», - илова кард прокурор.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 9 июл дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и воқеъ дар роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Сарбанд, дар қаламрави ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон таркиш ба вуқӯъ пайваста , аз мавҷи оташ фурӯшгоҳҳо, ошхона, ва нуқтаҳои фурӯши харбузу тарбуз, ҳамчунин 2 автомашинаи тамғаи Опел ва Мерседес низ осеб дидаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста