Рӯзҳои истироҳати гузашта дар кӯлу дарё ва обанбору дигар ҷойҳои оббозии кишвар 6 нафар шаҳрандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла 2 нафар кӯдакони хурдсол ғарқ шуданд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 30 июл ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш 2 нафар мардони 18 ва 13-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ғарқ шуда, ҷасадҳои онҳо то ҳол дарёфт нашудааст.
Гуфта мешавад, санаи 31 июл ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Ховалинг ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи моҳипарварӣ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин рӯз ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои олӣ, ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ дар дарёи Вахш, дар ҳудуди деҳаи Лермонтови ноҳияи Бохтар ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Барои дарёфт намудани ҷасади ҷавон чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Рӯзи охири ҳафта духтарчаи дусола, сокини деҳаи Маҳмадшои болои ноҳияи Рӯдакӣ ва писарбачаи 4-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Исоеви ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз беназоратии волидайнашон ба ҷӯйбор афтида, ба ҳалокат расидаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста