Дар рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чор нафарро наҷот доданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» дар натиҷаи баланд кардани суръати ҳаракат, чаппа шуда, ба канали «Тоҷикистон Советӣ", ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд вокеъ аст, сарозер гашт. Дар вақти садама дар мошин 6 нафар буданд.
Ба шарофати амалҳои фаврии наҷотдиҳандагон Ситоди КҲФ дар вилояти Суғд 4 нафар шаҳрвандонро наҷот дода шуда, мутаассифона, ду мусофири дигар ба ҳалокат расидаанд. Ҷасади онҳоро кормандони Ситоди КҲФ дар вилояти Суғд аз об бароварда, ба мақомоти зарурӣ супориданд.
Гуфта мешавад, аз оғози соли 2016 кормандони Кумита дар садамаҳои нақлиёт вобаста ба наҷот дар дарёҳо, обанборҳо, каналҳо 14 нафарро наҷот доданд.
Кумита дар муроҷиат ба ронандагон дархост намудааст, ки ба эҳтиёт дар роҳ ва маҳдудияти суръати ҳаракати роҳ диққат диҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста