Фарангис Юнусоваи 10-сола, ки рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар Душанбе бедарак шуда, дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» дар ин хусус маълумот интишор гардида буд, пас аз як шабонарӯз дарёфт шуд.
Тавре Туҳфанисо Юнусова, модари духтарча ба «Азия-Плюс» хабар дод, Фарангис нимаи дуюми рӯзи 23 август баъди муноқиша бо бародараш аз хонаашон гурехтааст. Ӯ бо волидонаш дар кӯчаи Павлови ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар наздикии осорхонаи ба номи Садриддин Айнӣ (мавзеи Донишкадаи омӯзгорӣ) зиндагӣ мекунад.
«Дар бораи гум шудани духтарчаам ба Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣи муроҷиат кардем. Онҳо фавран ба ҷустуҷӯ оғоз намуданд. Ман ҳам бо хешу табор ва дигар наздиконам ба ҷустуҷӯяш баромадем, вале давоми як шабонарӯз аз Фарангис ягон дараке нашуд. Имрӯз чанд зан ба мақомоти милитсия занг зада, изҳор доштаанд, ки Фарангис имшаб дар маҳаллаи Зарафшон назди онҳо будааст ва мо метавонем ӯро дар фурудгоҳ аз онҳо гирем», - мегӯяд модари духтарча.
Ба гуфтаи ӯ, Фарангис нақл кардааст, ки ба ӯ касе осебе нарасонидааст. «Ӯ вақти аз хона баромаданаш хостааст, ки ба хонаи бибияш ба Зарафшон равад, вале вақте роҳро гум мекунад, занони ҳамсояи бибияш духтарчаамро бо худ гирифтаанд. Ӯ як шаб бо онҳо мемонад ва саҳарӣ ин занон ба милиса муроҷиат мекунанд, ки ба туфайли он духтарчаам ёфт шуд», - афзуд номбурда.
Айни замон волидони Фарангис дар шуъбаи милитсия қарор дошта, ҳамаи ҳолатҳои рух додани ин ҳодисаро шарҳ медиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста