Ахири ҳафтаи сипаришуда бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар роҳҳои кишвар 3 нафар ба ҳалокат расиданд.
Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, рӯзи 26 август, тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан” марди 25-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, дар ҳудуди мавзеи Кумарғи ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии чуқуриаш 100-150 метр чаппа шудааст, ки дар натиҷа ронандаи автомашина ва мусофири ӯ марди 32-солаи сокини ноҳияи Ҳисор ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Гуфта мешавад, рӯзи 28 август тахминан соати 02:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер” марди 26-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат ба самти ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори бетонӣ бармехӯрад, ки дар натиҷа мусофири автомашина марди 29-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста