Таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода рӯзи 31-уми августи соли равон бо ширкати иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Барномаи Руши СММ дар Тоҷикистон Ян Харфст ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон Ҷаласаи навбатии Гуруҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумита, дар ҷаласа масъалаҳои тавсеа, таҳким ва стратегияи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, оид ба методологияи арзёбиҳои зарар ва эҳтиёҷот қарор қабул шуда, шартҳои расонидани кумакҳои башарии байналмилалӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда дар Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии мустақар дар қаламрави Тоҷикистон муайян карда шуданд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар суханронии худ аз ҷумла қайд кард: «Ба ҳам овардани неруҳо ва имкониятҳо ҳангоми офатҳои табиӣ ва расонидани кӯмакҳо ба эҳтиёҷмандон ин бояд шиорамон дар кори муштараки мо боқӣ бимонад».
Ҳамчунин, сарвари Кумита ба ширкаткунандагони ҷаласа дар бораи ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиие, ки аз аввали соли 2016 то ба имрӯз рух доданд, маълумот дод. Аз ҷумла, вай гуфт, ки аз моҳи январи соли равон дар қаламрави кишвар 45 офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 18 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Дар доираи таҳкими стратегияи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ Сарвари КҲФ ба ширкаткунандагони ҷаласа пешниҳод намуд, ки имсол Рӯзи байналмилалӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табииро, ки ҳамасола рӯзи 13-уми октябр баргузор мешавад, бо роҳандозии корҳои пешигирикунандаву фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ва мактабҳои олии кишвар бо ҷалби воситаҳои ахбори омма баргузор намоем.
Роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ дар тасмими таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти ҳолатҳои фавқулодда бо ҳукумати Тоҷикистон ва боло бурдани иқтидори КҲФ-чун мақоми ҳамоҳангсоз дар масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ, объектҳои иқтисодӣ ва қаламрави Тоҷикистон аз оқибатҳои офатҳои табиӣ ва фалокатҳои техногенӣ ҳамфикр буданд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2026
Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста