Нимаи дуюми рӯзи 11 июн дар кӯчаи Дарвози назди «Мясокомбинат»-и шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад. Сабабҳои сӯхтор айни замон мавриди таҳқиқ қарор доранд.
«Сӯхтор 5 хонаро фаро гирифт. Он дар яке аз хонаҳо сар зада, аз шамоли бархоста ба хонаҳои паҳлӯ гузашт», - хабар дод котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.
Бино ба гуфтаи ӯ, оташ ба сурати умум 120 метри мураббаъро фаро гирифта, асосан боми хонаҳо сӯхтанд.
«Айни замон алҳол сарчашма ва аз кадом хона сар задани оташ маълум нест. Барои хомӯш кардани сӯхтор 5 мошини оташнишонӣ сафарбар шуд», - гуфт ӯ ва қайд кард, ки дар бораи сӯхтор ба хадамоти оташнишонӣ дер хабар додаанд.
Қобили зикр аст, ки ин аллакай ҳодисаи сеюми сӯхтор дар як моҳ дар пойтахт мебошад. Ҳодисаи якум дар бозори «Султони Кабир» ва дигар ҳодисаи сӯхтор дар қаҳвахонаи «Мерве» рух дода буд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста