Аксариятро дар байни гурӯҳи кӯҳнавардон русиягиҳо ташкил медиҳанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз як сарчашмае маълумот дастрас шуд, ки дар ширкати сайёҳӣ кор мекунад. Ҳамчунин дар гурӯҳ шаҳрвандони Беларус ва Испания низ ҳузур доштаанд.
Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, миёни касоне, ки дар чархбол қарор доштанд, қурбониён ва осебдидагон низ ҳастанд.
Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ дар ин робита хабар медиҳад, ки соати 16:30 дақиқаи рӯзи 12-уми августи соли равон чархболи Ми-8, ки кӯҳнавардонро аз қуллаи Исмоили Сомонӣ бармегардонд, дар поёноби пиряхи Фортамбек ба кӯҳ бархӯрд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 12 август чархболи МИ-8 бо 13 нафар кӯҳнавардон ва 3 сарнишин зимни нишаст ба мушкилӣ дучор шуд. Кӯҳнавардон бо чархболи МИ-8 аз фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ба қароргоҳи худ дар поёнгоҳи пиряхи Фортамбек бармегаштанд.
Субҳи имрӯз ду чархбол бо наҷотдиҳандагону табибон ба маҳалли ҳодисаи садамаи чархболи МИ-8 раҳсипор шуданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.