Бар асари боришоти шадид эҳтимоли ҳодисаҳои нави тармафароӣ ва сангреза вуҷуд дошта, вазъ дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Сангвор ва Хоруғ-Ишкошим нисбатан душвортар аст.
Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнони ВМКБ ва ноҳияи Сангвор, ҳамчунин дар қитъаҳои роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок ҳодисаҳои фаромадани тарма ва сангреза ба қайд гирифта шудааст. Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон ҳамагӣ 20 ҳодисаи фаромадани тарма ва 16 ҳодисаи сангреза рух додааст.
Бино ба гуфтаи роҳбари маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ, бар асари фаромадани тарма дар деҳа Дараи Ҳайрони ноҳияи Сангвор 4 хоҷагии ёрирасони сокинон хароб шуда, дар натиҷа саршумори чорво нобуд шудааст.
Зикр шуд, ки шиддати беш аз ҳадди интизори борон дар куҳҳо ва теппаҳо боиси фарсоиши хок ва ҳаракати он мешавад, сатҳи оби дарёву рӯдхонаҳо, ҳавзҳову обанборҳо боло меравад. Дар ин гуна ҳолатҳо маъмулан хатари резиши санг, лағзиши тарма ва омадани сел зиёд аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ боисрор даъват мекунад, ки аз сафар ба ҷойҳои эҳтимоли тармафароӣ вуҷуддошта, ҷамъоварии алафу дигар растаниҳо дар қитъаҳои кӯҳӣ худдорӣ намуда, ҳушёру зирак ва эҳтиёткор бошанд.
Хотиррасон мекунем, ки дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ё эҳтимоли рух додани ҳодисаҳои нохуш, шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои зерини фаврии навбатдори Кумита муроҷиат намоянд: 93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста