Имрӯз, 8 август соати 05:45 дақиқа бо вақти Душанбе дар қаламрави Тоҷикистон заминларза эҳсос шуд.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, маркази заминларза дар 260 километрии ҷанубу шарқи Душанбе, дар қаламрави Афғонистон воқеъ будааст.
Бино ба иттилои манбаъ, қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 5 балл ва дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил додааст.
Дар бораи харобиҳо ва осебҳои эҳтимолӣ бар асари ин заминҷунбӣ дар Тоҷикистон маълумот дода намешавад.
Се рӯз пеш 5 август, соати 00:04 дақиқа бо вақти Душанбе низ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуда, он дафъа ҳам маркази заминларза дар қаламрави кишвари ҳамсояи Афғонистон воқеъ буд. Он замон қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 4 балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста