Дар майдони сохтмони бинои истиқоматии 14-ошёна дар вилояти Ленинград коргари 22-сола аз Тоҷикистон ҳалок шуд.
Бинокори ҷавон 4-уми сентябр дар майдони сохтмони маҷмааи “Три кита” бо суроғаи Петровский бульвар, 2 дар Мурино, ки “Лидер групп” ба бунёди он машғул аст, ба ҳалокат расид, хабар медиҳад 47news.ru.
Бино ба маълумоти пешакӣ, ӯ аз ошёнаи 7-ум ба замин афтода, ҷасади ӯро дар ошёнаи дуюм дарёфтаанд.
Дар хадамоти матбуоти ширкати “Лидер групп” ҳалокати коргари ташкилоти паймонкорро тасдиқ кардаанд.
“Ӯ дар чоҳҳо (шахтаҳо) машғули кор буд. Қитъаи кор бо риояи ҳамаи меъёрҳо ба ихтиёри ташкилоти паймонкор дода шуда буд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолатҳои рух додани ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Корҳои сохтмон айни замон идома доранд”, -гуфтанд дар ширкат.
Дар ҳамин ҳол, ҳомии ҳуқуқи тоҷик Иззат Амон дар саҳифааш дар Facebook навиштааст, ки фавтида зодаи шаҳри Исфара Ҳикматхӯҷа Собитов буд. Марҳум рӯзи 14-уми сентябр зодрӯз дошта, ба синни 23-солагӣ мерасид. Ҳамкоронаш ба ҷамъоварии маблағ барои фиристодани ҷасади ӯ ба зодгоҳ оғоз кардаанд.

Мувофиқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, соли 2018 аз Русия ба Тоҷикистон 966 тобути фавтидагон интиқол гардидааст, ки 25 нафари онҳо кушта шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста