Наҷотбахшони воҳиди вокуниши сареъи КҲФ дар водии Зарафшон рӯзи 22-юми сентябри соли равон як амалиёти муваффақонаро дар ҷустуҷӯи ду кӯҳнаварди раҳгумзадаи Русия дар кӯҳҳои Фон, воқеъ дар шимоли кишвар анҷом доданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, занги даъват ба кумаки кӯҳгардони гумшуда - А.В.Кудрини 58-сола, сокини шаҳри Нижний Новгород ва ҳамсафари вай хонум Л.И.Писарчуковскаяи 39-сола, сокини шаҳри Владикавкази Федератсияи Русия аз ҷониби сарвари ин гурӯҳ Константин Гарнага расидааст.
“Вай хабар дод, ки ду узви ин гурӯҳ бо мақсади дидани қаторкӯҳ рафтанд ва дар вақти муайяншуда иртибот накарданду ҳамоно тамос бо ин ду нафар вуҷуд надорад”, - омадааст дар хабари Кумита.
Гуфта мешавад, барои гузаронидани чораҳои наҷотбахшӣ як гурӯҳи махсус даст ба кор шуда, аз роҳе, ки онҳо оғоз карда буданд, фарози кӯҳ баромад.
“Корҳои наҷотбахшӣ дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи урдугоҳи кӯҳнавардии “Артуч” сурат пазируфта, баъд аз 19 соати ҷустуҷӯ кӯҳгардони рус пайдо ва то ба урдугоҳашон оварда шуданд. Онҳо изҳор доштанд, ки ниёз ба ёрии тиббӣ надоранд”, - қайд мешавад дар маълумот.
Дар ин амалиёт панҷ наҷотдиҳанда ва як техника ҷалб шуда буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста