Дар деҳаи Дмитровское наздикии Красногорск байни шаҳрвандони Тоҷикистон занозанӣ рух додааст. Дар ин бора "Комсомольская правда" бо истинод ба манбаъҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад.
Нашрия менависад, ҳодиса рӯзи 20-уми октябр дар таваққуфгоҳи нақлиётии назди мағозаи “Гастроном №8”, воқеъ дар деҳаи Дмитровское наздикии Красногорск ба амал омад. Муноқишаи байни ду гурӯҳи мардон ба занозании дастаҷамъона бо истифода аз корд табдил шудааст.
Гуфта мешавад, дар муноқиша 11 нафар – ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок кардаанд. Панҷ нафар аз захми корд бистарии бемористон шудаанд. Як каси дигар ҷароҳати сабук бардоштааст.
Ҳамаи шаш нафар осебдидагон шаҳрвандони синни аз 21 то 31-солаи Тоҷикистон мебошанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста