Бархӯрди воситаҳои нақлиёт дар роҳи Бохтар-Данғара ба марги ронанда боис шуд.
Соати 6-и субҳи 21-уми октябр зимни ҳаракат аз шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Данғара ронандаи автомашинаи тамғаи Opel Astra Абдусобир Сафаров ихтиёри идораи автомашинаро аз даст дода, ба автомашинаи тамғаи “Даймлер-Бенс” зери идораи сокини 53-солаи шаҳри Норак Розиқ Ҷалилов бархӯрд.
Бино ба маълумоти ВКД, бар асари бархӯрди автомашинаҳо ронандаи Opel Astra ва мусофирони он: сокини Бохтар Раҳмат Қосимзода (соли таваллудаш 1960), сокини ноҳияи Вахш Илҳом Саидов (с/т 1974), сокини Бохтар Қосималӣ Бойназаров (с/т 1969) бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона бурда шуданд.
Гуфта мешавад, мусофирони автомашинаи “Даймлер-Бенс” Гулнораи Исоқулзода (с/т 2001), донишҷӯйи соли аввали Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар, Маҳбуба Назарова (с/т 1972) ва Малика Ҷалилова (с/т 2001), сокинони шаҳри Норак низ бистарии дармонгоҳ шудаанд.
Зикр мешавад, ки баъдан ронандаи Opel Astra Абдусобир Сафаров дар бемористон фавтидааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста