Наҷотбахшон зарфи шабонарӯзи гузашта духтарчаи хурдсолро аз ҳаммоми дарбаста раҳонида, барои кушодани манзили истиқоматӣ кумак расониданд.
Як сокини ноҳияи Синои пойтахт шаби 10-уми ноябр ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ (КҲФ) занг задааст. Ин зани ҷавон бо изтироб хабар додааст, ки аз сабаби номаълум дари ҳаммоми хонааш баста шудаасту дохили он духтарчаи дусолааш мондааст. Худи ӯ ҳарчанд талош кардааст, аммо дарро кушода натавонистааст. Наҷотбахшони дастаи зудамали раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба суроғаи он зан дар кӯтоҳтарин фурсат расида, бе ягон осеб дарро боз карданд ва тифлакро ба модараш доданд.
Худи ҳамин шаб дар ошёнаи шашуми бинои бисёрқабата, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз беэҳтиётии сокинон дар баста шудааст ва онҳо мустақилона онро кушода натавонистаанд. Кормадони КҲФ баъд аз даъват фавран ба маҳал расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсус дарро боз карданд ва имкони вуруди сокинонро фароҳам оварданд.
КҲФ ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулодда бо рақамҳои 112 ва ё 93 880 28 19 хабар расонанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста