Прапоршики яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе Талабшоҳ Қамаров аз ҷониби Суди ҳарбии гарнизони Душанбе барои латукӯби сарбози қаторӣ Ҷумъахон Кенҷаев ба маблағи 5 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима шуд.
Тибқи иттилои торнамои Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, нимаи моҳи октябр прапоршик ба сарбоз супориши ғайриоинномавӣ додааст, ки ба ӯ амри «Низом» диҳад.
“Сарбоз ин амри ӯро иҷро намекунад, зеро супориш бархилофи Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст, - қайд мешавад дар хабар. - Қамаров барои ин “беҳурматӣ” нисбат ба худаш сарбозро латукӯб кардааст, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳатҳои сабук бардоштааст”.
Бинобар сабаби мутобиқат накардан ба вазифаи ишғолкарда прапоршик аз кор озод шудааст. Бо қарори суд, ки нимаи моҳи ноябр баргузор шуд, ӯ ҳамчунин 5 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима месупорад.
Моҳи июни соли 2017 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тамоми маълумотро бо рақамҳои телефон ва суроғаҳо ҷамъоварӣ кард, ки дар сурати маҷбурӣ ба артиш бурдан (облава) ва муносибатҳои ғайриоинномавӣ метавон аз онҳо истифода кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста