Кӯдаки 9-сола ва зани 52-сола дар садамаҳои қаламрави кишвар ба ҳалокат расиданд.
Тибқи иттилои ВКД, 30-юми ноябр дар роҳи мошингарди деҳаи Деҳқони ноҳияи Шаҳритуз, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Меҳроҷ Артиқов аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Раҷабалӣ Маҳмадови 9-соларо пахш кардааст. Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавтидааст.
Мусофирони дохили ин мошин Зуҳуршо Буриев ва Саймурод Нодиров, сокинони деҳаи Айваҷи ноҳияи Шаҳритуз, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Ҳамон рӯз инчунин ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Иқбол Саидови 25-сола дар ҳудуди деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, онро дар канори рости роҳ чаппа кардааст.
Дар натиҷа мусофири дохили автомашина Садбарг Кенҷаева, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Темурмалик ба ҳалокат расидааст. Мусофири дигар Олия Холова ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, бистарии беморхона шудааст.
Аз рӯйи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста