Ҳодисаи фоҷеабор дар шаҳри Турсунзода нимаи дуюми рӯзи 12-уми декабр рух дод. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини 34-солаи шаҳри Турсунзода Абдуллоҷон Аскаров пай набурдааст, ки дар ҳавлии истиқоматиаш духтарчаи яксолааш назди мошин бозӣ дорад.
“Ҳангоми ба самти қафо ҳаракат кардан духтарча зери чархи автомашина монда, аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.
Ба иттилои ВКД дар бораи дигар ҳодисаи ба ин монанд дар пойтахт, зимни ҳаракат дар кӯчаи Деҳотӣ ба самти кӯҷаи Неъмат Қаробоев ронандаи автомашинаи "Мерседес-Бенс", сокини 30-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Фармон Абдиев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду нафар духтарони 19-солаи сокини Душанбе - Мақсуда Сангова ва Маҳина Худойназароваро пахш мекунад.
“Дар натиҷа духтарон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расиданд”, - қайд мешавад дар хабар.
Далелҳои зикршудаи ҳодисаҳои садамаи нақлиёт аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ таҳқиқ мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста