Дар шаҳри Душанбе зимни сӯхтор як шаҳрванди миллаташ гурҷӣ ба ҳалокат расид.
Бино ба иттилои ВКД, дар бинои 11-ошёнаи истиқоматии хиёбони Рӯдакӣ 55/1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 15-уми декабр сӯхтор ба амал омад. То ба ҷойи ҳодиса расидани кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ, аз таъсири дуди ғализ иҷоранишини бинои мазкур Натела Гугинева, соли таваллудаш 1980, миллаташ гурҷӣ, шаҳрванди Қазоқистон фавтидааст.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон шахтаи барқии бинои истиқоматиро дар долонҳои даромадгоҳи он аз ошёнаи 8-ум то 11-ум сӯхтор фаро гирифта, дуди ғализи бошиддат паҳншаванда сокинони биноро ба таҳлука оварда буд.
Дар натиҷаи саривақт гузаронидани амалиёт ва дуруст сафарбар кардани қувваю воситаҳо, оташ ба ҳуҷраҳои истиқоматӣ паҳн нашуда, дар масоҳати аввалааш ба зудӣ хомӯш карда шуд.
Дар рафти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса мутахассисони соҳа муайян карданд, ки сабаби сӯхтор сарбории зиёд дар кабелу ноқилҳои барқӣ ва аз меъёр зиёд истифодабарии нерӯи барқ аз тарафи сокинон будааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста