Пас аз бориши барфи шадид дар роҳҳои чанде аз минтақаҳои Тоҷикистон яхбандӣ ба мушоҳида мерасад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ, рӯзи 6-уми январ дар шоҳроҳи Ёвон-Душанбе, дар қаламрави ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ садама рух дод. Дар мошини ба ғайр аз ронанда боз як мусофир аз Ёвон – сокини 33-солаи ин ноҳия менишаст.
“Ронандаи мошини калони боркаши тамғаи “Шакман” – сокини 37-солаи маҳаллӣ, ки ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, дар гардиш аз уҳдаи идораи мошин набаромад. Вай, ки бо суръати номуносиб ба вазъи роҳ ҳаракат мекард, дар канори роҳ чаппа шудаст”, - омадааст дар хабари Кумита.
Гуфта мешавад, баъд аз дарёфти хабари садамаи шадид наҷотбахшони КҲФ фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо ёрии дастгоҳи махсус дарро боз карданд ва ронандаву ҳамроҳи ӯро берун оварданд.
“Мутаассифона, мусофири мошин бар асари захмҳои шадид дар шуъбаи эҳёгарии бемористони ноҳияи Рӯдакӣ аз олам даргузашт”, - зикр мешавад дар хабар.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста