Бар асари лағзиши тарма дар ноҳияи Рашт як нафар ба ҳалокат расид.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҶТ, нисфирӯзии 7-уми январ сокини бистсолаи деҳаи Сиполинги ҷамоати деҳоти Ясманди ноҳияи Рашт бо кадом мақсаде ба самти чапи деҳа рафтааст. Баногоҳ аз доманакӯҳ тарма сарозер шуда, ӯ дар зери он мондааст.
Гуфта мешавад, вақте ӯро аз зери ғарами барф берун овардаанд, зинда будааст, вале ҳангоми интиқол ба бемористони ҷамоати деҳоти Ҳоит ба ҳалокат расидааст.
Ин аввалин қурбонии тарма дар соли 2020 аст. Чанд рӯз қабл дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд наҷотбахшони Кумита якҷо бо намояндагони IRS се корманди зери ғарами барф мондаи ин ширкатро бе ягон осеб берун оварда буданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки сокинон бояд дар рӯзҳои ҳавои номусоид анҷоми ҳар гуна корҳои саҳро, ғунучини ҳезум, шикор ва ғайраро мавқуф гузоранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста