Рӯзҳои охир дар садамаҳои нақлиёти қаламрави кишвар 5 нафар ба ҳалокат расида, шахсияти яке аз онҳо то ҳол номаълум аст.
Бино бар иттилои ВКД, сокини шаҳри Душанбе Муҳаммад Мадаминов, соли таваллудаш 1977, савори мошини тамғаи "Хова" бе рақами қайди давлатию ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Лоҳутии пойтахт пиёдагарди шахсияташ номаълум – зани тахминан 40-45-соларо пахш кардааст. Зан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол ба беморхона фавтидааст.
Барои муайянсозии шахсияти зани мазкур чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Ҳамчунин рӯзи 11-уми январ ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Фозилҷон Пирназарови 40-сола, сокини ноҳияи Қубодиён ҳангоми ҳаракат аз гузаргоҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба самти ноҳияи Шаҳритус аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба симчӯби бетонии хатти барқ дар канори чапи роҳ бархӯрдааст.
Бар асари он мусофир Обидҷон Пирназаров, сокини ноҳияи Қубодиён дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигар – Расулҷон Пирназаров ва Ғуломҷон Шерматов, сокинони ноҳияи мазкур ҷарроҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, бистарии беморхона шудаанд.
Ҳамон рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Шаҳром Шарифови 21-сола ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Ҳисор-Душанбе” дар ҳудуди деҳаи Дараи ноҳияи Рӯдакӣ пиёдагард Марзия Маҷидова, соли таваллудаш 1967, сокини деҳаи Чоряккорон ва ноболиғ Достон Мирзобоев, соли таваллудаш 2006, хонандаи синфи 9-и МТМУ, сокини деҳаи Шуртуғайи ноҳияи Рӯдакиро пахш кардааст. Дар натиҷа Маҷидова ба ҳалокат расида, ноболиғ Мирзобоев дар беморхона бистарӣ шудааст.
Инчунин ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зафира» Нуриддин Баҳриддинзода, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Қалъачаи Раиси ноҳияи Деваштич ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтан ба автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира» таҳти идораи Раҳимов Аҳтам Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Варзоб бармехӯрад.
Дар натиҷа ронанда Раҳимов ва мусофир Мавзуна Ҳасанова, соли таваллудаш 2001, донишҷӯйи соли якуми Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, сокини деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавтиданд.
Аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста