Шоми гузашта бар асари вазидани шамоли сахт ва борони пуршиддат дар маҳаллаҳои мухталифи шаҳри Хуҷанд ба иншоот зарари моддӣ расонида шуд.
“Шамоли сахт даҳҳо бех дарахтони азимҷуссаро решакан карда, аз афтодани онҳо дар навбати худ, иншооти гуногун осеб дид. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд Маъмурхон Юсуфов.
Ба гуфтаи ӯ, дар баробари рух додани офати табиӣ таҳти роҳбарии раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ситод ташкил шуда, масъулини дахлдор барои бартараф кардани зарарҳои расонидашуда сафарбар гардиданд.
Тибқи иттиллои масъулини Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳр, офати таббӣ асосан ба дарахтону ноқилҳои барқӣ таъсир расонид. Канда шудани ноқилҳои барқӣ бар асари ба болои онҳо афтодани дарахтон, боиси як муддат қатъ гардидани барқ низ шуд. Таъмини шаҳр бо қувваи барқ таъҷилан барқарор шуд.
Ҷӯйборҳо бинобар боридони борони зиёд пур аз партов шуданд, ки аз тарафи кормандони корхонаи хизматрасонии нақлиёти санитарӣ бартараф карда мешаванд.
Иншооти гуногуни бунёдшаванда, ки ҳудудашон бо тунукаҳо иҳота шуда буд, бар асари вазидани шамол деворашон афтода, дар бархе маҳаллаҳо боиси халалдор шудани ҳаракати нақлиёт гардид, ки он низ бартараф мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар Душанбе низ шабонарӯзи гузашта шамоли сахту борон ва дар баъзе ҷойҳо жола борида, раъду барқ ба амал омад. Корбарони шабакаи Facebook аксҳоеро аз ин ҳодисаҳо нашр карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста