Ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Душанбе навҷавони 17-сола фавтидааст.
Кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ҷасадро дар қаламрави ноҳияи Фирдавсии пойтахт, шафати тарабхонаи “Яккасарой” пайдо карданд. Ҳуввияти ғарқшуда маълум нест.
“Ҳодиса рӯзи 20-уми июн, тахминан соати 15 рух додааст. Ин ҷавон ҳангоми оббозӣ дар дарёи Душанбе ғарқ шудааст. Гурӯҳи наҷотбахшони Раёсат ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, соати 16:15 дақиқа марҳумро аз дарё берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”, - иттилоъ додааст КҲФ.
Инчунин як сокини 25-солаи ноҳияи Ёвон ҳамон рӯз дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат аз болои пули дарёи Кофарниҳон худро ба дарё афкандааст.
Баъд аз гирифтани хабар ҳайати шахсии бахши шаҳри Ваҳдат сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Онҳо дар ҳамдастӣ бо кормандони ҶДММ “Ёқут-2000” шаҳрвандро аз дарё наҷот бахшида, ӯро бо мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат интиқол доданд.
Айни ҳол вазъи саломатияш хуб мебошад. Ӯ дар бораи сабаби аслии қасд ба ҷони худ то кунун чизе нагуфтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста