Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар медиҳад, ки як мардро дар ноҳияи Шаҳринав барои таҷовузи духтари ноболиғи писарамакаш ба мухдати 18 сол аз озодӣ маҳрум намуданд.
Ба иттилои манбаъ, Олимбой Азизов аввалҳои моҳи январи соли 2019 ба манзили истиқоматии писарамакаш Азизов А., воқеъ дар суроғаи ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти А.Ҳасанов ворид шуда, аз набудани аъзоҳои оила истифода бурда, ба духтари писарамакаш ноболиғ А.Ш. таваллудаш 6-уми октябри соли 2005 ҳуҷум карда ба тариқи маҷбурӣ алоқаи ҷинсӣ мекунад. Азизов дидаю дониста, ки номбурда баръало ноболиғ буда, ҳанӯз ба синни чордаҳсолагӣ нарасидааст ва дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, дохили ҳуҷраи хоб дароварда, нафси шаҳвонии худро қонеъ мекунад.
Гуфта мешавад, ки баъди алоқаи ҷинсӣ Азизов О.Т. ноболиғ А.Ш.-ро тахдид кардааст, ки агар дар мавриди ҳодисаи рухдода ба касе гӯяд, ӯро ба қатл мерасонад.
Инчунин, Азизов О.Т. ин амалҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, такроран 23 январи 2019 бо ҳамин мақсад ба манзили истиқоматии мазкур даромада, аз набудани волидони ноболиғ А.Ш. истифода бурда, дар пешдолони манзили истиқоматӣ такроран тариқи маҷбурӣ бо А.Ш. алоқаи ҷинсӣ карда, нафси шаҳвониашро қонеъ намудааст. Баъд аз ин ҳолат ҳам ӯ ноболиғ А.Ш.-ро тахдид намудааст, ки ба касе хабар надиҳад.
Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав нисбат ба Азизов О.Т. бо моддаҳои 138 (таҷовуз ба номус) қисми 3 «а» ва 120 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми он барои баррасӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
Бо ҳукми Суд Азизов О.Т. бо моддаҳои 138 (Таҷовуз ба номус) қисми 3 банди «а» ва 120 КҶ Ҷумҳурии гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо ҷазои ниҳоии маҳрум сохтан аз озодӣ ба мухдати 18 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт таъйин кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста