Падари Қандилҷон Воҳидов, яке аз ду сарбозе, ки дар рӯдхонаи Бартанги ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни наҷоти як мактабхони маҳаллӣ ғарқ шуда буданд, мегӯд аз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дархост кардаанд, ки ба ин кор расидагӣ кунад.
Искандар Воҳидов ба “Азия-Плюс” гуфти, ки онҳо рӯзи 9 октябр номаашонро ба унони Эмомалӣ Раҳмон ба Дастгоҳи иҷроияи президент супурдаанд.
Волидайни ин ду сарбоз аз он нигаронанд, ки қазияи ҷустуҷӯйи фарзандони онҳо то кунун чизеро равшан накардааст. Искандар Воҳидов мегӯяд, агар ин ду сарбоз ғарқ мешуданд дар таги об мебуданд, наход дар муддати 40 рӯз як нишонае пайдо нашавад, ҳатто пойпӯше болои об набаромад ё ҷасадашон ёфт нашуд. “Мо диламон пур, ки писари мо дар дар хидмат аст, ҳадди аққал ба муроҷиатҳои мо аз қисми низомӣ ягон ҷавоб гӯянд. Ба ҳама ҷо муроҷиат кардем, аммо ягон натиҷа нест”,- гуфт ӯ.
Охирнн умедамон ин муроҷиат ба сардори давлат аст, шояд пас аз ин муроҷат ягон рӯшание шавад,-мегӯяд ин падари сарбоз.
Ба иттилои расмӣ, Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов, сарбозони қисми нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯшон, рӯзи 30-юми сентябри имсол бо ҳадафи наҷоти як хонандаи мактаб худро ба дарё партофта, ғарқ шудаанд.

Аммо наздикони Сироҷиддин Ятимов мегӯянд, бори охир бо ӯ 28-уми сентябр суҳбат доштанд. Маҳастӣ Зуҳурова, хоҳари Сироҷиддин, пештар ба “Азия-Плюс” гуфта буд, бародараш он рӯз ба ӯ ваъда карда буд, ки пас аз чанд лаҳза тавассути Интернет аз маросими ҷамъбасти адои хизматаш акс мефиристад ва бо ҳамин бедарак шуд, то ҳол ягон хабаре нест.
Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, мегӯяд, ҷустуҷӯйи сарбозони ғарқшуда аз ҷониби маъмурони наҷот якҷо бо мақомоти Рӯшон ва сокинон идома дорад то ҳол, мутаассифона, ин ду ҷасад ҳанӯз ёфт нашудаанд. “Мо ҳатто ба ин кор ҷониби Афғонситонро ҷалб кардем ва то ҷасадҳо ёфт нашаванд кофтукоб идома мекунад”,-гуфт Умеда Юсуфӣ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста