Ин нуктаро ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ироа кардааст. Ба изҳори ҳукумати вилоят “тақрибан нисфи сокинони ВМКБ зери хатарҳои эҳтимолии тибиӣ ба сар мебаранд”.
Дар мавриди ин мушкил дар Комиссияи тахлия (эвакуатсия)-и вилоят дар ҷаласаи ситод ин комиссия рӯзи 6 - январ нигаронӣ кардааст. Масъулони ҳукумати вилоят ба “Азия-плюс” ҳам таъйид кардаанд, ки дар воқеъ ин мушкили ҷиддӣ аст ва мақомоти вилоятро сахт нигарон кардааст.
Ин комиссия гуфтааст, ки “мувофиқи маълумотномаҳо аз 45 ҷамоати деҳот ва шаҳраки вилоят, бидуни ҷамоати деҳоти Гожо Бердибаеви ноҳияи Мурғоб, беш аз 148 ҳазор нафар аҳолии вилоят таҳти хатар, аз ҷумла зери хатари офатҳои табиӣ, аз қабили сел, сангчарх, обхезӣ, ярч, намнокӣ, тарма ва ғайра қарор доранд”.
Мувофиқи маълумоти дарёфти аҳолии ВМКБ тақрибан 230 ҳазор гуфта мешавад, ки 148 ҳазор ҳудуди 70 дар сади онро дар бар мегиранд.
Дар ин ситод, ки муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ҳам ҳузур доштааст, гуфтаанд, ки муҳимтарин вазифаи комиссия муташаккилона кӯчонидани аҳолии наздисарҳадӣ ҳангоми ҳуҷуми нобаҳангом ё худ истифодаи яроқи ҳозиразамони зарбазанада аз ҷониби душман аст. “Зеро дар баъзе аз ин гуна минтақаҳо иншоотҳои махсуси муҳофизатӣ ва роҳҳои ба ҷойи бехатар кӯчонидани аҳолӣ вуҷуд надоранд. Аз ин рӯ зарур шуморида шуд, ки дар ин гуна минтақаҳо восита ва роҳҳои иловагии муҳофизати аҳолӣ таҳия ва тасдиқ карда шаванд”.

Ҳамчунин дар ин ситод аз кам ва басанда набудани паноҳгоҳо дар сурати сар задани ҳаводис нигаронӣ шудааст.
Дар ҷаласа гуфта шудааст, ки бо ҳамкории Агентии Оғохон оид ба макони зист, тамоми мавзеъҳои аҳолинишини вилоят харитасозӣ карда шудааст ва маълумоти ҳамин харитасозиҳон ошкор кардааст, ки ба 148 ҳазор мардуми вилоят ҳаводиси эҳтимолии табиӣ таҳдид мекунад.
Мувофиқи маълумоти расмӣ ҳоло дар ВМКБ 13 муассисаҳои нақлиётӣ фаъолият менамоянд, ки дар тавозунашон 41 нақлиёти мусофирбар ва 27 нақлиёти боркаш дошта, ҳамчунин бо бастани шартнома 1018 автомобили мусофирбар ва 58 автомобили боркаш бо ин муассисаҳо ҳамкорӣ мекунад.
Ситоди вилоят гуфтааст, ки барои расидагӣ дар ҳолатҳои фавқулода бо ҳамкории Агентии Оғохон оид ба макони зист дар вилоят 120 гурӯҳи ёрии аввалияи тиббӣ ва 173 гурӯхи наҷотдиҳӣ, иборат 3600 нафар мутахасссони сохторҳои мудофиаи гражданӣ ва ризокорон таъсис дода шудаанд ва дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷу Рӯшон ин гуна гурӯҳҳо аз ҷониби Миссияи Шарқ омода карда мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста