Тоҷикистон дар як амалёти муштарак бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Покистон ва Афғонистон дар соли 2020 1 тоннаву 965 кг маводи мухаддиро мусодира кардаанд. Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода директори Оҷонсии назорати маводи нашъовари назди Президенти Тоҷикистон дар нишасти хабарии ниҳодаш ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Воҳидзода дар ин амалиёт дар ҳудуди Ҷумҳурии исломии Афғонистон 16 нафар ва дар ҳудуди ИМА 18 нафар боздошт шудааст. Ҳамчунин ба гуфтаи мудири Оҷонсии маводи нашъовар дар ин амалиёт аз гуруҳҳои ҷинояткор як автомат, се мошин ва 165 ҳазор доллари ИМА низ мусодира шудааст.
Воҳидзода гуфт, ки ниҳоди зери раҳбарияш дар соли 2020 фаъолияти 40 гуруҳи ҷиноятиро дар ҳайати 87, аз ҷумла 3 гуруҳи муташаккили ҷиноии иборат аз 7 нафарро хунсо кардааст.
Ин ниҳод 144 ҷинояти марбут ба маводи нашъоварро дар соли 2020 ошкор кардааст, ки дар баробари соли 2019 13 ҷиноят бештар будааст. Ҳамчунин 7 нафар шахсони мавриди пайгарди ҷиноиро дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашидааст.
Бинои ба иттилои Воҳидзода аз сӯйи ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар соли 2020 700 ҷинояти марбут ба маводи нашъовар ошкор шудааст, ки 118 ҷиноят нисбат ба як сол пеш зиёд будааст. Ҳосили ошкор шудани ин ҷиноятҳо мусодираи 2 тоннаву 425 кг маводи нашъовар будааст, ки нисбат ба соли 2019 788 кг ё 48 дарсад бештар будааст. Ҳисаи ВКД 1 тоннаву 117 кг, Кумитаи амният 1 тонаву 97 кг, Хадамоти гумрук 22 кг ва Оҷонси мубориза бо фасод 5к будааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста