Мамадбоқир Мамадбоқиров яке аз саркардаҳои гуруҳҳои пурнуфузи ғайрирасмӣ дар ВМКБ дар Маркази тиббии Оқохон дар шаҳри Хоруғ як ҳафта пеш бистарӣ шудааст. "Радиои Озодӣ" бо истинод ба духатри ӯ гуфтааст, ки наздиконаш ба заҳролуд шудани ӯ ишора мекунанд, вале духтурон беморияшро "синусит ва сирояти вирус" гуфтаанд.
Баргигул Мамадбоқирова, духтари Мамадбоқиров ба "Озодӣ" гуфтааст, ки вазъи падараш рӯзи 22-юми феврал дар хона бад шуд ва ӯро тавассути мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон оварданд.
"Сараш ба дард даромад ва табларзааш гирифт. Дастонаш ба шиддат меларзиданд ва табаш то 41 дараҷа боло рафт. Ӯ ба мо нигоҳ мекард, вале ба назар мерасид, зеҳнашро аз даст додааст ва намешиносад. Вақте мошини ёрии таъҷилӣ омад, намедонист, духтурон аз ӯ чӣ мепурсанд",-гуфтааст Баргигул.
Ӯ гуфтааст, дар риштаи тибби Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург мехонад дарк, кардааст, ки "инҳо нишонаҳои заҳролудшавиянд", вале пурра тасдиқ карда наметавонад. Ба қавли вай, Мамадбоқиров моҳи ноябри соли гузашта, бино бар синусит ҷарроҳӣ шуд, аммо ҳеч гоҳ чунин нишонаҳо надошт. Пайвандонаш мегӯянд, дар таърихи бемории Мамадбоқиров "сирояти шадиди роҳҳои нафас" зикр шудааст.
Як манбаи огоҳи "Озодӣ" аз Маркази тиббии оқохон эҳтимоли заҳролудшавии Мамадбоқир Мамадбоқировро рад карда, гуфтааст "бадшавии вазъи саломатӣ бар асари кадом як сирояти вирус ва синусит рух додааст".
Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз "лидерҳои ғайрирасмӣ" дар Хоруғ, сарҳанги бознишастаи неруҳои марзбонии Тоҷикистон мебошад. Бори охир номи ӯ дар соли 2018 дар сархатти расонаҳо пайдо шуд, замоне ки раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон рафт ва саркардаҳои ғайрирасмии минтақаро интиқод намуд.
Мақомоти Тоҷикистон ӯ ва чанд тани дигар, аз ҷумла Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиевро борҳо аз шумули саркардаҳои гуруҳҳои мутташаккили ҷиноӣ ном бурдаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста