Додситонии Суғд алайҳи ду мудири мактаб ва як нозири шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент бо гумони ғайриқонунӣ додани қитъаи замин парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Масъулини соҳаи маориф бар он муттаҳам мешаванд, ки аз ҳисоби замини мактаб барои сохтмони мағозаву ошхона замин додаанд.
Як масъули огаҳ аз парванда дар Додситонии вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт бо ҷурми ғайриқонунӣ додани қитъаи замин нисбати мудирони мактаби миёнаи рақами 61 ва 63-и шаҳри Панҷакент Қаҳҳор Қурбоналиев ва Мурод Шехимов ва нозири шуъбаи маорифи ин шаҳр Музаффар Усмонов парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
“Директори мактаби рақами 61-и шаҳри Панҷакент Қурбоналиев Қ.М бо маслиҳати пешакӣ бо нозири шӯъбаи маорифи ҳамин шаҳр Усмонов М.Ҳ як сол пеш аз ҳудуди заминҳои мактаб ба шаҳрванд Мутаилов С.М бидуни қарори дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон ва раиси шаҳр 30 метри мураббаъ қитъаи заминро барои сохтмони мағоза ва ошхона ғайриқонунӣ додаанд”,-хабар медиҳад додсионии Суғд
Манбаъ илова кард, ки ба ҳамин монанд директори МТМУ № 63-и шаҳри Панҷакент Мурод Шехимов моҳи апрели соли 2020 аз ҳисоби заминҳои мактаб 100 метри мураббаъ қитъаи заминро барои сохтмони мағоза додааст.
Мақомоти додситонии шаҳри Панҷакент алайҳи ҳар се ин масъули соҳаи маориф дар асоси моддаи 338 иловаи 1 қисмӣ 2-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста