Кумити давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Ассадулло Исмоилов, имомхатиби масҷиди кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанберо низ се рӯз пеш боздошт кардааст. Дар ин бора Радиои "Озодӣ" бо такя ба манобеяш дар ниҳодҳои қудратӣ хабар додааст.
Пайвандони Асадулло Исмоилов дар суҳбат ба "Озодӣ" гуфтаанд, ки "сабаби боздошти ӯро намедонанд, мақомоти амният “ӯро барои суҳбат” даъват кардаанд".
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад Асадулло Исмоилов низ дар баробари дигар руҳониён дар маросими ҷанозаи домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ширкат доштааст.
Ин дувумин боздошти имомхатибҳо дар Душанбе дар як ҳафтаи ахир аст. Чанд рӯз пеш Кумитаи амният аз боздошти сархатиби ноҳияи Шоҳмансури Душанбе Абдулҳақ Обидовро боздошт ва ба пайрави аз ҷараёни мазҳабии салафия, ки дар Тоҷикистон мамнуъ аст, айбдор карл.
Қадруддин Исмоилов яке аз бародарони Исмоилов гуфтаас, ки танҳо ҳаминро медонад, ки "барои суҳбат даъват шудааст”, вале мавзӯи суҳбатро намедонам.
“Ин давлат аст, ҳукумат аст, умедворам дида мебароянд. Бегуноҳияш исбот шавад, ҷавоб медиҳанд. Ӯ доим ба фоидаи давлату ҳукумат ва халқу ватан сухан мегуфт ва бо гуруҳҳои навбаромади “Салафӣ” сахт муқовимат мекард”, --иброз доштааст Қадруддин Исмоилов ба "Озодӣ".
Дар ҳамин ҳол, ҳамсуҳбатҳои огоҳи "Озодӣ" гуфтанд, Асадулло Исмоиловро кормандони мақомот шаби 19-ум ба 20-уми апрел пас аз анҷоми намози “Таровеҳ” аз масҷиди кӯчаи Яккачинори пойтахт дастгир карданд. Субҳи дигар мақомот ба хонаи Асадулло Исмоилов, воқеъ дар деҳаи Теппаи Самарқандӣ, дар ноҳияи Рӯдакӣ омада китобҳо ва адабиёти онҷо бударо тафтиш карда, қисме аз онҳоро бо худ бурдаанд.
Асадулло Исмоилови 42-сола, оиладор ва шаш фарзанд дошта, дар деҳаи Тепаи Самарқандӣ зиндагӣ мекардааст. Ӯ Донишгоҳи исломии Тоҷикистонро хатм карда, яке аз шогирдони Амонулло Неъматзода, собиқ муфтии Тоҷикистон будааст. Исмоилов нахуст дар яке аз масҷидҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва баъдан имомхатиби масҷиди Яккачинори Душанбе таъин шудааст.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи 23-уми апрел ҳам дар як суҳбати телефонӣ ба "Озодӣ" хабари боздошти Исмоиловро тасдиқ ё рад накардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Киҳо муовини Рустами Эмомалӣ интихоб шуданд?
Баррасии тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Имомгалӣ Тасмагамбетов
Фоида аз саҳмияҳои НБО “Роғун”. Қарори Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тақсими даромади ин нерӯгоҳ ба саҳмдорон
Ҳушдор ва дархости ду ниҳод. Дар Тоҷикистон то 14-уми апрел хатари фаромадани тарма ва омадани сел боқӣ мемонад
Огоҳ бошед! Чӣ гуна метавон корманди ҳақиқии милитсияро аз фиребгару қаллоб фарқ кард?
Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбал ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2025
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста