Исмат Абдуллоев мураббӣ ва паҳлавони маъруфи тоҷик, бунёдгузори куштии самбо дар Тоҷикистон, имрӯз бар асари беморие, ки дошт дар синни 77-солагӣ, дар Душанбе даргузашт.
Бино ба иттилои наздикону пайвандонаш, ҷанозаи марҳум имрӯз, соати 18:00, дар масҷиди маҳаллаи Панҷрӯди Душанбе баргузор шуда, ҷасади ӯ дар қабристони маҳаллаи Қаротегини Душанбе ба хок супурда мешавад.
Исмат Абдуллоев дар варзиши тоҷик корнамоиҳои зиёде кардааст. Аз ҷумла ӯ, дар ҳайати дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон соли 1971 дар Спартакиадаи халқҳои СССР дар рақобатҳо дар вазни 66 килограмм бомуваффақият ҳунарнамоӣ карда, ба панҷгонаи беҳтаринҳо дохил шудааст. Вай соли 2004 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни устодон, ки дар шаҳри Турсунзода доир шуда буд, дар вазни 82 килограмм ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст.
Нақши Исмат Абдуллоев ба унвони мураббӣ дар куштии тоҷик хеле бузург аст. Аз ҷумла ҷаҳонпаҳлавон Сайидмуъмин Раҳимов шогирдӣ ӯ буд. Абдуллоев солиёни зиён сармурабби тимҳои мунтахаби ҷудо ва самбои Тоҷикистон буд.
Аз мактаби варзишии ин шахсияти варзишӣ паҳлавонони зиёде берун омадаанд, ки дар сабқатҳои ҷаҳони шарафи Тоҷикистонро ҳимоя кардаанд.
Хидматҳои Исмат Абдуллоев бо унвони “Устоди варзиши СССР” (соли 1966), унвони ифтихории “Мураббии шоистаи ҶШС Тоҷикистон” (1973) ва бисёр ҷоизаҳову ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст. Вай соли 1975 ба қатори даҳ мураббии беҳтарини Иттиҳоди Шӯравӣ дар риштаи самбо дохил шуда, ҳамчунин беҳтарин мураббии Тоҷикистон дар асри ХХ эътироф гаштааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар пайи заминларза дар Тоҷикистон як кӯдаки 3-сола ҷон бохта, 29 хона ва як мактаб зарар дидааст
Ҷазои сангин. Барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва сарпечӣ аз пардохти пули он кӣ ва чӣ гуна муҷозот мешавад?
Чӣ бояд кард, агар телефонатонро дузданд ва ё он гум шуд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2025
Киҳо муовини Рустами Эмомалӣ интихоб шуданд?
Баррасии тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Имомгалӣ Тасмагамбетов
Фоида аз саҳмияҳои НБО “Роғун”. Қарори Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тақсими даромади ин нерӯгоҳ ба саҳмдорон
Ҳушдор ва дархости ду ниҳод. Дар Тоҷикистон то 14-уми апрел хатари фаромадани тарма ва омадани сел боқӣ мемонад
Огоҳ бошед! Чӣ гуна метавон корманди ҳақиқии милитсияро аз фиребгару қаллоб фарқ кард?
Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбал ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста