Бар асари офати табиӣ дар Тоҷикистон, ки чанде пеш ба амал омад, як ҷавон ҳалок шуда, манзилҳо вайрон ва қитъаҳои замин шуста шуданд.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, сокини 18-солаи деҳаи Новаки Ромит рӯзи 13 июл ба чаронидани чорво дар чарогоҳи кӯҳӣ машғул будааст.
“Соати 18:05 дақиқа ҷавонро оташак (молния) зада, бар асари ҷароҳатҳои бардошта ӯ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст”, - хабар медиҳад КҲФ.
Шабонарӯзи гузашта бар асари боришоти пуршиддат дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамчунин фаромадани сел ба қайд гирифта шудааст.
“13 май тахминан соати 13:05 бар асари боришоти пуршиддат дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони ВМКБ сел омада, лойқа ба 7 манзил ва 16 қитъаи замини наздиҳавлигӣ зарар расонид. Маҷрои сел роҳи мошингардро ба маркази ноҳияи Рӯшон баст. Талафоти ҷонӣ нест”, - хабар доданд дар КҲФ.
Суратҳо аз гурӯҳи "Пайғоми Рӯшон" дар Facebook
Тибқи маълумоти маркази матбуоти Кумита, айни замон дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҲФ машғули кор буда, зиёни расидаро муайян мекунад.
Ҳамин рӯз тахминан соатҳои 14:30 дар деҳаи Даҳагиёни ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳияи Нуробод низ сел омад.
Дар натиҷа 5 манзил қисман зарар дида, аз офати табиӣ қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои кишт осеб диданд. Инчунин аз сел ду автомашинаи тамғаи ГАЗ-66 ва КАМАЗ хисорот бардоштаанд.
“Дар деҳаи Оҳангарони ноҳияи Нуробод сел роҳи деҳотро муваққатан баст. Дар ҷамоати деҳоти Комсомолобод роҳи мошингарди масофааш 65 метр байни деҳаҳои Сайдон ва Тугак шуста шуда, 2 пули таъинти маҳаллӣ тахриб ва роҳи мошингард муваққатан баста шудааст. Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҲФ кор мекунад, талафоти ҷонӣ нест”, - гуфтанд дар КҲФ.
Зикр шуд, ки дар натиҷаи болоравии сатҳи оби дарёи Зарафшон роҳҳои байни деҳаҳо дар ноҳияҳои Айнӣ ва Мастчоҳи вилояти Суғд баста шудаанд.
“Айни замон оқибатҳо бартараф карда шуда, талафоти ҷонӣ нест”, - хабар медиҳад КҲФ.
Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои аз 14 то 16 июл дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистони вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби ВМКБ эҳтимоли фаромадани сел мавҷуд аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нақлиёти барқӣ бо қарз. Бонкро чӣ гуна бояд интихоб кард?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2025
“Дар оянда бигзор доварӣ шавад ва ҷоиза диҳанд”. Ҷашнвораи байналмилалии “Наврӯз” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Ҳошим Гадо 88-сола шуд
Робот ва ҳуши маснӯӣ дар хидмати ҳоҷиён. Имсол Арабистони Саудӣ дар маросими ҳаҷ чӣ навоварӣ кард?
Абдулмаҷид Достиев - ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён
Музокироти Эрон ва Амрико. Даври навбатӣ 11-уми май баргузор мегардад
Сокинон худро аз хокбориш чӣ гуна ҳифз мекунанд?
Шурӯи боз як ҷанг? Покистон аз оғози амалиёти низомӣ алайҳи Ҳиндустон хабар дод
Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти низомии Маскав иштирок кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста