Яке аз лидерҳои ғайрирасмии ВМКБ Толиб Аёмбеков дар ҷараёни як даргирии гурӯҳӣ дар тарабхонаи машҳури “Марко Поло”-и шаҳри Хоруғ захмӣ шудааст.
Яке аз наздикони Аёмбеков ба “Азия плюс” гуфт, ки ҳодиса шаби 5 сентябри соли равон рух дод ва ҳангоми муноқиша дар тӯй нафаре бо ашёи сахти вазнин ба сари Толиб Айёмбеков задааст, ки дар натиҷа, ӯ ҷароҳати вазнин бардошт.
Гуфта мешавад, ки задухӯрд миёни як гурӯҳи ҷавонони эҳтимолан маҳаллаи Тирчид ва писару ҷияни Айёмбеков рух додааст.
Манбаъи мо гуфт, ки дар аввал ба хотири ҷилавгирӣ аз муноқиша ва халалдор нашудани тӯй ин ҷавононро аз тарабхона бароварданд, вале пас аз чанде онҳо либосҳояшонро иваз карда, дубора баргаштанд ва бо хешовандони Айёмбеков ба задухӯрд шурӯъ карданд. Вақте худи Айёмбеков ба ҷанг дахолат карда, ҷавононро аз ҳам ҷудо карданӣ шуд, касе аз қафо бо як ашёи сахти вазнин ба сараш зад.
- Зарба хеле сахт буд ва ӯро фавран ба беморхона бурданд. Табибон мегӯянд, ҷароҳат вазнин аст, аммо ба ҳаёт таҳдид намекунад. Писараш дар наздаш аст, мегӯяд, ҳолати падараш мӯътадил аст. Ӯ ҳушёр аст, сӯҳбат мекунад ва худро беҳтар ҳис мекунад ”, - гуфт манбаъи “Азия-плюс”.
Толиб Аёмбеков, яке аз лидерҳои ғайрирасмии ВМКБ аст. Моҳи июли соли 2012 исми Толиб Аёмбеков дар робита ба қатли генерал Абдулло Назаров, сардори раёсати КДАМ вилояти Бадахшон вирди забонҳо шуд. Мақомот бо талаби супурдани қотилони генерал Назаров амалиёти густардаеро дар Хоруғ ба роҳ андохтанд, ки дар ҷараёни он аз ду тараф беш аз 40 нафар кушта шуд. Дар ниҳоят, байни тарафҳо оташбас ба имзо расид ва бародари Толиб Оқил Аёмбеков ва ронандааш Ҳамза Муродовро ҳамчун гумонбарони асосии қатли Абдулло Назаров ба мақомот супурданд.
Додгоҳ баъдан онҳоро ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум кард. Бори дигар номи Толиб Аёмбеков тирамоҳи соли 2018 вақте расонаӣ шуд, ки ӯ дар қатори чанд лидери дигари ғайрирасмии Бадахшон ба ҳузури мақомот даъват шуд ва бо онҳо протоколеро имзо карданд, ки тибқи он, лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон уҳдадор мешуданд, силоҳҳои худро супурда, аз он ба баъд бо риояи қонун зиндагӣ кунанд ва даст ба нооромӣ назананд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Яккаписар будам, аммо падарам ба ҷанг фиристод”. Ҳикояи куҳансолтарин иштирокчии ҶБВ дар Тоҷикистон
Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ муборак, ҳамватанони гиромӣ!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 майи соли 2025
Аз ифтихор то афсӯс барои тағйири арзишҳо. Қиссаи ду иштирокчии охирини ҶБВ аз вилояти Суғд
“Шарикони миллӣ” бо дастгирии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Форуми инноватсионӣ баргузор кард
“Ба номи Ҳошим Гадо ҷоиза ва китобхона таъсис дода шавад”. Дар Душанбе 88-солагии Ҳошим Гадоро таҷлил карданд
Чӣ гуна дар “Wildberries” метавон сабтином кард ва фармоиш дод?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили ҷашни Ғалаба дар ҶБВ ба Маскав рафт
Саҳми Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар рақамҳо
Баъди чанд соати таъхир, парвозҳо аз Душанбе ба Маскав барқарор шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста