Додгоҳи Останкинои Маскав бо як ҳукми худ Чорршанбе Чоршанбиев, блогери тоҷик ва размикори риштаи ММА-ро аз Русия ихроҷ кард. Дар ин бора хабаргузории давлатии "РИА Новости"-и Русия хабар медиҳад.
Чорашнбе Чоршанбиев ба нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Маскав муттаҳм мешуд ва додгоҳ бо ин ҷурм имрӯз қарори ихроҷи ӯро аз ҳудуди Русия содир кард.
Дар баробари ихроҷ, додгоҳ ҳамчунин Чоршанбиевро ба андозаи 5000 рубли русӣ ҷарима низ кардааст.
Додгоҳ гуфтааст, ки то замони берун карданаш аз ҳудуди Русия, Чоршанбиев дар боздоштгоҳи муваққатӣ ё "спец-прёмник" нигоҳдорӣ мешавад.
Қабл аз содир шудани қарори додгоҳ, хабаригузории ТАСС хабар дода буд, ки пулиси Маскав аз додгоҳ хостааст, Чоршанбиевро аз Русия ихроҷ кунад.
Чоршанбе Чоршанбиев, ки яке аз чеҳраҳои ҷанҷолбарангези шабакаҳои иҷтимоӣ аст, рӯзи 3-уми декабри соли ҷорӣ бо иттиҳоми ҳаракати хатарнок бо мошин дар дохили тунели Лефортово дар Маскав боздошт шуда буд. Ӯ баъди як изҳороташ дар мавриди тоҷикону тоҷикистониён чеҳраи пурбаҳс шуд.
Худи Чоршанбиев дар бозпурсиҳо ҳаракат бо суръати баландро сари чанбари мошин эътироф кард, вале гуфт, ки навори видеоии саҳнаи ронандагиашро шояд бародаронаш дар интернет нашр кардаанд. Ӯ ба татфишот гуфтааст, ки ин навор нав нест ва он тобистон сабт шудааст.
Чоршанбиев зодаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон аст ва аз соли 2016 бо муҳорибаҳои бидуни қоида машғул буда, чор бор ғалаба ба даст овардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста