Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 18 ҳодисаи фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд.
Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар хатари фаромадани тармаву сел ва сангреза боқӣ мемонад.
Ба ин тариқ, рӯзи 9 март дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Варзоб (километрҳои 57, 58, 67,68 ва 71-ум), Душанбе - Хоруғ (километрҳои 478 ва 497-ум), Хоруғ-Ишкошим (километри 29-ум) ва Душанбе – Хоруғ – Мурғоб (километри 558-ум) 18 ҳодисаи фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст.
Барои тоза кардани роҳҳо аз ҷониби хадамоти нигаҳдории роҳҳои Вазорати нақлиёт, ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» (IRS) ва имдодгарони КҲФ навбатдории шабонарӯзӣ роҳандозӣ шуда, дар мавриди бартараф намудани офатҳои офати табиӣ тадбирҳо андешида мешаванд.
Бар асари офати табиӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд ва Хоруғ - Ишкошим муваққатан манъ аст.
Ҳамчунин боришоти зиёд дар километри 237-уми роҳи мошингарди Дарвоз - Ш.Шоҳин - Кӯлоб, ки тариқи қаламрави деҳаи Анҷирободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон мегузарад, ба фаромадани сангреза боис шудааст. Бо талошҳои кормандони Вазорати нақлиёт оқибатҳои офат сарвиақт бартараф карда шуда, роҳ боз аст.
Ёдрас мекунем, ки то охири ҳафта дар қаламрави ҷумҳурӣ хатари фаромадани селу тарма ва сангреза, инчунин болоравии сатҳи об дар дарёву обанборҳо боқӣ мемонад.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, аз аҳолӣ даъват менамояд, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт дар минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум, гиёҳҳои шифобахш ва занбӯруғ, моҳидорӣ, шикор ва чаронидани чорво худдорӣ намоянд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон муайян шуд
Русия дар Тоҷикистон истеҳсоли дорувориро ба роҳ монданист
Арзиши эстакада дар Душанбе қариб ба 28,5 млн евро баробар аст
Рустами Эмомалӣ дар робита ба ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ ба ҳамтои эронии худ барқияи таслият ирсол кард
Абдунабӣ Сатторзода: Лоиқро ба ҳарду майдон даъват мекарданд, аммо ӯ ёри на “Шаҳидон” ва на “Озодӣ” буд
Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш изҳори ҳамдардӣ кард
Тайи 10 сол Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 3,8 млрд доллар сармоягузорӣ кард
Хисороти боришоти шадиди рӯзҳои ахир дар кишвар
Тотористон ронандагон ва муҳандисони тоҷикро ба кор ҷалб кардан мехоҳад
Хадамоти алоқа: ширкатҳои мобилӣ дар се моҳ беш аз 1 млрд сомонӣ даромад ба даст овардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста