Тахминан соатҳои 6:00-и субҳи имрӯз дар мавзеи "Кех", 10-километрии маркази ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара миёни марзбонони тоҷику қирғиз тирпарронӣ сурат гирифт. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сокинони ҷамоати Ворух хабар доданд.
“Аз ҷониби мо фавтида ҳаст - сарбози хидмати ҳатмии ҳарбӣ. Ӯро ба сардхона (морг)-и бемористон интиқол доданд”, - хабар дод манбаъ. Бино ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир дар бемористон барои қабули захмиён омодагӣ мегиранд.
Як манбаъи мӯътамади “Азия-Плюс” аз неруҳои интизомии Тоҷикистон ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ҷониби Қирғизистон аз соати 6:00-и субҳ “бе ягон сабаб ё муноқиша ба тарафи мо тир холӣ карданд”. Ба иттилои манбаъ неруҳои Қирғизистон ба самти мавзеи сарҳадии “Кех” дар ҷамоати Ворухи Исфара аз миномиёту дигар яроқи ҷангӣ тир паронданд.
Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон дар ин робита аллакай изҳорот пахш намуд.
Тибқи маълумоти хадамот, тахминан соати 7-и субҳ (6 - бо вақти Душанбе) дар мавзеи Булак-Бошии ноҳияи Ботканди вилояти Ботканд аз ҷониби дидбонгоҳи сарҳадии “Кех”-и Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба сӯи дидбонгоҳи сарҳадии “Булак-Бошӣ”-и Хадамоти мазбонии КДАМ Қирғизистон тир паронида шудааст”, - менависад хабаргузории АКИ пресс бо истинод ба сарҳадбонон.
Дар посух аз ҷониби Қирғизистон низ ба самти дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон низ тир паронида шудааст.
Тибқи маълумоти ҷониби Қирғизистон, намояндаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар вилояти Ботканд ва намояндаи мақомоти сарҳадбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тариқи телефон гуфтугӯ карда, сардорони отрядҳои сарҳадии ҷонибҳо ба ҷойи ҳодиса рафтаанд.
Бино ба маълумоти марзбонони қирғиз, ҷониби Тоҷикистон бо истифода аз норинҷакафкан (гранатомёт) ва миномётҳо тирпаронӣ кардааст.
Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол ба ҳеҷ гунае ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Ёздаҳ рӯз пештар, зӯҳри 03-уми июн низ дар ин мавзеъ миёни неруҳои тоҷик ва қирғиз даргирӣ сар зада чанд соат давом кард ва аз ду ҷониб чанд тан захмӣ шуданд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар баёнияе неруҳои Қирғизистонро дар оғози тиркушоӣ муттаҳам карда амалкарди онҳоро иғвои аз пеш барномарезишуда номид. Вазорат рӯзи 04-уми июн ва пас аз як рӯзи даргирӣ дар вебсайти расмияш гуфт, сарбозони қирғиз барқасдона ба маҳалли назорати посгоҳи марзи “Кех” дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара ворид шуданд. Аммо дар посух ба талаби ҷониби Тоҷикистон, сарбозони қирғиз камин гирифта тирандозиро сар кардаанд ва вазъ баъди он бадтар шуд.
Ҷониби Қирғизистон низ дар як баёнияе неруҳои Тоҷикистонро дар даргирии оғози моҳи июн муттаҳам карда гуфта буд, марзбонони тоҷик ғайриқонунӣ хатти марзро дар мавзеи Булоқбошии вилояти Бодканд убур карда ба қаламрави Қирғизистон гузаштаанд. Он замон Қирғизистон аз маҷрӯҳ шудани ду сарбозаш хабар дод ва бино ба мабъулумот аз Тоҷикистон як кас захм бардоштанд.
Вазъ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз охири моҳи апрели соли 2021 печида аст. Дар муноқишаҳои ду соли ахир аз ду ҷониб даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд, ки миёнашон ба ҷузъ ҳарбиён шаҳрвандони мулкӣ низ буданд.
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Мақомот мегӯянд, ба оилаҳои зарардидаи Рашту Тоҷикобод масолеҳи сохтмонӣ фиристоданд
Бинои истиқоматии муҳташам дар ноҳияи Рӯдакӣ. Он чӣ тавр бунёд мешавад?
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар “дуздии барқ"-ро ташвишовар хонда, аз таъини ҷазо барои ин кирдор ёдовар шуд
Ихроҷи қариб 50 паноҳҷӯи дигари афғонистонӣ аз Тоҷикистон. Далели ихроҷро касе шарҳ намедиҳад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста