Қаҳрамон Қодирзода, сардори шӯъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз ҳодисаи сӯхтори Раёсати Хадамоти давлатии сӯхторнишонӣ дар вилояти Суғд бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки сӯхтор 5-уми декабр дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “МегаОйл”-и ҶДММ Оқтансервис рух додааст.
Дар натиҷаи сӯхтор болопӯши бинои нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ҳуҷраҳои истироҳатӣ ва хазинавии он, дар умум 40 метри мураббаъ ба коми оташ рафтааст. Зарари ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
“Ба кормандони идораи сӯхторнишонии шаҳр соати 14:58 хабар расид. Соати 15:07 ду мошини сӯхторнишонӣ аз шаҳри Истаравшан ва ду 2 нақлиёти дигар аз ноҳияи Шаҳристон ба макони ҳодиса ҳозир шуда, соати 15:55 оташ пурра хомӯш карда шуд”, - гуфт Қаҳрамон Қодирзода.
Ҳоло сабабу омилҳои сӯхтор мушаххас карда мешавад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар вилояти Суғд давоми 6-рӯзи моҳи декабр 8 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба иттилои масъулини Раёсати Хадамоти давлатии сӯхторнишонӣ дар вилояти Суғд, дар умум давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 461 адад ҳодисаҳои сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз зиёд мебошад.
Дар пайи ин сӯхторҳо як нафар ба ҳалокат расидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста