Як сокини 37-солаи шаҳри Истаравшан барои қатли ҳамсараш дар ҳолати мастӣ 20 сол равонаи зиндон шудааст.
Аз Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки Баҳоваддин Нарзуллоев бо ҳукми додгоҳи мазкур аз 17-уми ноябр барои одамкушӣ (моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) ҳабс шуд.
Гуфта мешавад, ки сабаби қатли ҳамсар аз ҷониби шавҳар то ду соат бедарак шудани ӯ будааст.
“Ӯ моҳи августи соли 2022 бо ҳамсараш Уғулой Пӯлотова ба базори Маркази шаҳри Истаравшан рафта, барои харидории оби нӯшокӣ ба мағоза медарояд. Баъди буромадан дар ҷое, ки гуфта буд ҳамсараш бояд истад, нест. Дар ғазаб шуда, машрубот менӯшад ва хона омада ҳамсарашро намеёбад”, - нақл кард рафти ҳодисаро манбаъи мо аз Додгоҳи вилояти Суғд.
Ба гуфтаи манбаъ, баъди он ки ҳамсараш ба хона меояд, ӯро пурсуҷӯ карда, то аз ҳуш рафтан латукӯб мекунад.
“Бо ин ҳам қаноат накарда, бо "термос"-и пури оби ҷӯш ронҳои занро месӯзонад ва баъдан буғӣ карда мекӯшад”, - гуфтанд аз ин ниҳод.
Ба таъкиди манбаъ, Баҳоваддин Нарзуллоев бо мақсади пинҳон кардани амалаш сару лисоби хунолуди ҳамсарашро иваз карда, як рӯз пас волидони марҳумро огоҳ кардааст, ки гӯё духтарашон бо марги худ фавтидааст.
Вале хулосаи экспертизаи судӣ маълум кардааст, ки ӯ аз латукӯб ва буғӣ фавтидааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола даҳҳо ҷинояти куштор, аз ҷумла куштори зан аз ҷониби шавҳар ва дигар аъзои хонавода рух медиҳад. Аз ҷумла 28- уми ноябр дар ноҳияи Зафаробод Зокир Аъзамов ҳамсараш Фируза Аъзамова ва писарчаи 9 солаашро бо бераҳмии махсус кушта ҷасади онҳоро оташ зада буд.
Ҳамчунин, чанде пеш Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод, ки як сокини шаҳри Роғун барои қатли бераҳмонаи ҳамсараш 19 солу 4 моҳ равонаи зиндон шуд.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста