Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон дар робита ба хукушии Асадҷон Баҳромов, сардори шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент, ки гуфта мешуд, баъди бозпурсӣ ва фишори муфатишони Идораи зиддифасод дар минтақаи Зарафшон даст ба худкушӣ задааст, вокуниш карда, таъкид кардааст, ки “марги номбурда ба фаъолияти мақомоти Агентӣ иртиботе надорад”.
Маркази матбуоти Оҷонсии зиддифасод афзудааст, ҳанӯз 14-уми ноябри соли 2022 аз ҷониби шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон нисбати Асадҷон Баҳромов барои сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314 қисми 1) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ ба сифати гумонбаршуда мавриди пурсиш қарор гирифтааст.
Ин ниҳод гуфтааст, бозпурсии Асадҷон Баҳромов “бо мақсади таъмини тафтиши ҳамаҷониба, холисона ва пурраи ҳолатҳои кор дар доираи парвандаи ҷиноятӣ” сурат гирифта, ӯ оид ба фаъолияти мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ягон маротиба изҳори нигаронӣ накардааст.
“Амалҳои тафтишӣ нисбати Баҳромов А.М. бо таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ӯ ва талаботи моддаи 46 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқҳои мурофиавии гумонбаршуда, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳимоя ва изҳори рад намуданро пешбинӣ мекунад, роҳандозӣ гардидааст. Дар рафти тафтиши пешакӣ гумонбаршуда Баҳромов А.М. оид ба фаъолияти мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ягон маротиба изҳори нигаронӣ накардааст”, - омадааст дар изҳороти Оҷонсии зиддифасод.
Гуфта мешавад, ки рӯзи 11-уми январи соли 2023 Асадҷон Баҳромов дар манзили истиқоматиаш “бо сабаби асфексияи механикӣ дар натиҷаи пахшшавии узвҳои гардан вафот намудааст”.
Ин ниҳод аз бозтоби ҳодисаи худкушӣ, яъне таъкиди “баъди бозпурсии кормандони Идораи зиддифасоди минтақаи Зарафшон худкушӣ кардааст”, нигаронӣ карда, афзудааст, “бо чунин тарз инъикос намудани ҳолати мазкур тобиши иғвоангезона дошта, ба ҳақиқат номувофиқ мебошад ва марги номбурда ба фаъолияти мақомоти Агентӣ иртиботе надорад”.
Масъулини Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки сабабҳои марги Асадҷон Баҳромов аз ҷониби мақомоти прокуратура мавриди санҷиш қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки Асадҷон Баҳромови 58-сола ва падари се фарзанд рӯзи 11-уми январ дар манзили истиқоматиаш худро ба дор овехт. Пайнвандонаш даъво доранд, ки ӯ дар пайи як тӯҳмат ва даъвати батакрори Идораи зидди фасод худкушӣ кард.





Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста