Тибқи иттилои расмии мақомоти Туркия, дар ҳоли ҳозир миёни ҳалокшудагон ва захмиён шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Дар ин бора аз сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
“Ҳудуди 10-15 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар саросари Туркия кору зиндагӣ мекунанд. Ҳамватанони мо дар шаҳрҳои Ғозиантеп, Адана, Қаҳрамонмараш, Диёрбоқир ва вилояти Ҳатай бо мушкилоти ночиз рӯбарӯ гардидаанд”, - гуфтанд дар сафорат.
Ба гуфтаи манбаъ, 12 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути телефони боварӣ ба сафорат тамос гирифта, бештари онҳо барои ба Истанбул рафтан кӯмак хостаанд.
“Дар баъзе ҷойҳо роҳҳо вайрон шуда, роҳбандӣ ба вуҷуд омадааст, сафар ба пойтахт 12-16 соат тӯл мекашад. Аммо Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи назди ҳукумати Туркия тавсия медиҳад, ки ба роҳ набароянд, аз ин рӯ мо кӯшиш мекунем, ки ба ҳамватанон дар маҳалли истиқоматашон кӯмак расонем.
Бар асари сардии ҳаво ва харобии роҳҳо дирӯз ҳамватани ҳомилаамонро аз Ғозиантеп берун оварда натавонистем. Ӯро ба хонаи дигар шаҳрвандони Тоҷикистон интиқол додаанд. Вақте ки вазъ беҳтар шавад, мо ба ӯ барои ба Истанбул рафтан кӯмак хоҳем кард”,-афзуд сафорат.
Айни ҳол Сафорати Тоҷикистон дар Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои Қаҳраманмараш, Хатай, Османия, Адияман, Газиантеп, Шанлиурфа, Диёрбоқир, Малатия ва Адана қарор доранд ва аз заминларзаи субҳи 6-уми феврал зарар дидаанд, телефони бовариро фаъол намудааст.
Тел: + 90 312 491 16 07
+ 90 538 594 32 10 (WhatsApp)
Тибқи омори ахир, шумори қурбониён дар Туркия ба 3419 нафар расида, 20534 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар натиҷаи заминларза 5775 бино тахриб шудааст.
Дар Сурия бошад, ҳудуди 1602 нафар ба ҳалокат расида, 3548 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста