Субҳи имрӯз соати 08:00-и вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза бо марказаш дар ВМКБ ба қайд гирифта шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
“Қувваи заминларза дар маркази он 3-4 балл аз рӯйи ҷадвали 12-балларо ташкил дод”, - гуфт манбаъ.
Қувваи заминларза дар 370 километрии ҷанубу ғарби Душанбе ва 46 километр дуртар аз кӯли Сарез дар умқи 10 километр воқеъ буд.
Дар Мурғоб қувваи заминларза 2 баллро ташкил додааст.
Дар бораи эҳсоси таконҳо дар Душанбе маълумот нест.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти пойгоҳҳои зилзилашиносии ТОО «СОМЭ» КҲФ Қазоқистон, қувваи заминларза ба 4,2 балл баробар будааст.
“Маркази заминларза дар 689 километрии Алмато дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир буд. Дараҷаи энергетикии заминҷунбӣ - 10,0. Қувва (магнитуда)-и MPV - 4,2”, - зикр мешавад дар хабар.
Қобили зикр аст, ки ахиран дар Тоҷикистон ҳодисаҳои заминларза зиёд ба қайд гирифта мешаванд.
Танҳо дар як рӯз, 23-уми феврал дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳодисаи заминларза ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти КҲФ, маркази ҳамаи ин заминларзаҳо дар кӯҳҳо, дар маконҳои беодам ва дур аз минтақаҳои маскунӣ, дур аз маркази маъмурии ноҳияи Мурғоб ва кӯли Сарез буданд.
Он замон роҳбари маркази матбуоти КҲФ Умеда Юсуфӣ изҳор дошта буд, ки низоми мониторинг ва огоҳсозии бармаҳали кӯли Сарез чун ҳарвақта фаъол аст.
“Ягон ҷунбише ё тағйироте ба қайд гирифта нашудааст. Ҷараёни об ва масрафи он дар кӯли Сарез бе тағйир буд. Яъне, ҷараён он 39 метри мукааб дар ҳар сония ва масрафи он 45 метри мураббаъ дар як сония мебошад”, - хабар дода буд ӯ.
Тибқи маълумоти сомонаи volcanodiscovery.com, тайи соли ахир дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ҳодисаи заминларза ва 9-то он бо қувваи 5+ ба қайд гирифта шудааст. Ба ин тариқ, аз 8 феврали соли 2022 то 8 феврали соли 2023 дар ҷумҳурӣ 2 ҳазору 165 заминҷунбӣ рух додааст, аз ҷумла 9-тои он бо қувва (магнитуда)-и 5+.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста