Бо гузашти як ҳафта аз заминларзаи харобиовар дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, ки даҳҳо хонаи аҳолиро вайрону роҳҳоро валангор кард, фиристодани кӯмакҳои моддии шаҳру навоҳии кишвар ва ниҳодҳои алоҳида ба сокинони зарардида идома дорад.
Аз ҷумла, дар ду рӯзи охир, давлати Арабистони Саудӣ ва ҳукумати шаҳри Конибодом ба аҳолии зарардидаи ноҳия кӯмаки моддӣ дастрас карданд. Дар ин бора ҳукумати Кӯҳистони Мастчоҳ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки кумаки давлати Арабистони Саудӣ аз ҷониби Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон тақдим гардида, он аз се мошин, аз ҷумла бухорӣ (печ), болопушӣ пашмӣ (одеяло) ва ангишт иборат мебошад ва аз аввалин кӯмакҳоест, ки аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ ба зарардидагони зилзила дар Кӯҳистони Мастчо ироа шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, кумакҳоро сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид Абдураҳмон ар-Рушайдон якҷо бо ҳайати Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон ба сокинони зарардида расонидааст.
“Ин кумак рӯзи 28-уми март дастрас шуда, дар шаҳраки Меҳрон, маркази маъмурии ноҳия, сафири Арабистони Саудӣ бо масъулин ва сокинони ноҳия дидори сарироҳӣ низ анҷом додааст”, - омадааст дар иттилоия.
Кӯмаки ҳукумати шаҳри Конибодом дирӯз, 29-уми март, ба зарардидагони зилзила дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ расида, он аз масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент иборат аст.

Ҳаҷми умумии кӯмакҳои сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ва ҳукумати шаҳри Конибодом маълум нест.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Кӯҳистони Мастчоҳ хабур медиҳад, ки 28-уми март дар деҳаи Палдораки ҷамоати Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба оилаҳои зарардида аз офати табиӣ масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент дода шуд ва онҳо ба барқароркунии хонаҳои худ шурӯъ карданд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар рӯзи аввали тақсими масолеҳи сохтмонӣ ба 41 нафар оилаҳои зарардидаи деҳаи Палдорак масолеҳи сохтмон семент дастрас карда шуд. Мардум низ дар ин радиф ба ҳашар баромада, баҳри таъмир ва барқарорсозии иншоотҳои харобгашта дастбакор шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бар асари заминларзаи ҳафтаи гузашта 318 хона осеб дида, аз ин шумор 4-то пурра ва 53 хона қисман хароб гардидаанд.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) қаблан ба “Азия-Плюс” гуфта буд, аз шумори умумии биноҳои харобшуда, ки бештар дар деҳаи Палдорак (165 хона) аст, маҳз дар ҳамин ҷо 4 хона пурра, 37 бинои дигар қисман ва 124 бино сабук осеб дидаанд.
Ба гуфтаи номбурда, дар пайи ин ҳодиса 3 нафар ҷароҳат бардошта, 18 сар чорвои калони шохдор ва 27 сар чорвои майда нобуд шудааст.

Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, таҳти роҳбарии сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис ёфта, ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои зилзила, кор ба таври бояду шояд шурӯъ шуд.
Қаблан шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳ, Панҷакент, Истаравшан ва Шаҳристон кумаки молии хешро аз қабили хӯрока, масолеҳи гуногуни сохтмонӣ барои зарардидагони офати табии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дастрас карда буданд.
Ёдовар мешавем, ки соати 1:07-и шаби 23-юми март дар 6-7 километрии деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ заминларза рух дод. Қувваи заминларза дар маркази заминларза 5-6 балл, дар ноҳияи Рашт 4-5 балл, дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил додааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста