Дар пайи боришоти зиёди борон ва омадани сел беш аз 100 манзили истиқоматии сокинони деҳаи Селга ва Пахтакори ноҳияи Панҷ зарар дидаанд. Талафоти ҷонӣ нест, аммо хисорот ҳисоб мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ медиҳад, ки соати 01:30 дақиқаи рӯзи 4-уми апрел дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар деҳаҳои Пахтакор ва Селгаи ноҳияи Панҷ сели азим омада, таҳхонаи биноҳои истиқоматии сокинон, қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои киштро зери об кардааст.
“Бо мақсади таъмини бехатарӣ Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Панҷ 15 хонаводае, ки дар селроҳа маскан доштанд, муваққатан ба ҷойи бехатар интиқол дод”, - хабар медиҳад КҲФ.
Ба гуфтаи манбаъ, барои роҳандозии корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ гурӯҳи корӣ бо сарварии муовини раиси КҲФ генерал-майор Сулаймон Исозода ба ноҳияи Панҷ рафтааст ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи вилоятии Хатлон иттилоъ медиҳад, ки шаби 3 ба 4-уми апрел дар натиҷаи боришоти зиёди борон зиёда аз 100 манзили истиқоматии сокинони деҳаи Пахтакори ноҳияи Панҷ лойю селоба даромада, зарар расонид.
Ба навиштаи ин расона, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, бо раванди бартарафсозии офати табиӣ дар Панҷ ошно шуда, супориш додааст, ки хисороти расида ҳисоб карда шавад.

Дар натиҷаи офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 3-7 апрели соли равон бар асари боронҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби ВМКБ омадани селҳо аз эҳтимол дур нест.
Гуфта мешавад, рӯзҳои 4-6-уми апрел дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, сатҳи об боло меравад.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта бар асари омадани сел дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд роҳҳо, таҳхона ва ҳатто чанде аз хонаҳои истиқоматӣ зери лойоба монда, шуморе аз чорвоҳо фавтида буданд.
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста