Дар ноҳияи Лахш як хирс вориди оғили сокинони маҳаллӣ шуда, ҳудуди 47 сар чорворо нобуд кардааст. Ин ҳодиса, давоми ҳадди ақал 7 соли охир дар ин минтақа бори аввал рух додааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад.
Ин ниҳод менависад, ки ҳодиса шаби 10-11-уми майи соли равон, соати 03:21 дар деҳаи Корвонгузари ҷамоати деҳоти Нурафшони ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли пешин), аз беаҳамиятии чӯпони маҳаллӣ, рух додааст.
Аз КҲФ гуфтанд, хирс ба сокинони маҳаллӣ осеб нарасонида, баъди куштори чорво ба кӯҳ рафтааст.
Аз ин ниҳод гуфтанд, давоми ҳаддиақал 7 соли охир ин ҳодисаи аввалини ҳуҷуми хирс ба чорво дар ин минтақа мебошад.
Қаблан, КҲФ дар пайи ҳамлаи хирс ба як наврас ва наҷоти он аз сӯи як сокини маҳаллӣ дар Ванҷ ба сокинон оид ба роҳҳои наҷот аз ҳамлаи хирс маслиҳат дода буд.
“Дар сурати рӯ ба рӯ омадан бо хирс бояд оромиро ҳифз кард. Агар ҳайвон шуморо надид, пас талош кунед, оромона пайи кори худ равед, агар хирс ба тарафи шумо ҳаракат кард, тарсро нишон надиҳед. Ин ҳайвон аз садои баланд ва ғалоғула метарсад”, - маслиҳат дода буданд масъулини ин ниҳод.
Ҳамчунин, таъкид мешуд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ фирор роҳи халосӣ нест, чун хирс метавонад бо суръати 40 км дар як соат ҳаракат кунад ва дар ҳар ҳолат инсонро ба замин хобонад.
Гузоштани ғизо дар ягон ҷо ва ё наздик шудан ба лошаи ҳайвонҳо тавсия дода намешавад: чун хирс ҳисси басо инкишофёфтаи кашфи бӯйи ғизоро дорад.
"Хирси роститода назари кунҷковона дорад ва дар ин ҳолат вай хатарнок нест. Талош кунед, аз назди хирс дур шавед, вале боз ҳам аз вай чашм наканед. Агар хирс ҳамроҳ бо шумо ба ҳаракат даромад, пас дар ҷойи худ истед. Ба умеди ҳимоя аз ӯ ҷонибаш чизе партоб накунед. Ин кори шумо боис мешавад, ки хирс ба шумо ҳамла кунад", - ҳушдор дода буд КҲФ.
Ҳар сол дар Тоҷикистон мавридҳои зиёди ба чорво ва худи мардум ҳамла кардану нобуд сохтани ҳайвононти ваҳшӣ, махсусан гургу хирс ва гоҳо бабрҳои барфӣ мушоҳида мешавад. Аксари ин ҳамлаҳо дар манотиқи куҳистон дар чарогоҳҳо рух медиҳанд, вале ҳолатҳое низ ҳаст, ки ҳайвоноти ваҳшӣ ба ҷустуҷӯи ғизо аз куҳҳо поён мефароянд ва вориди деҳаҳои куҳистон шуда, ба чорвои мардум дар дохили оғил ҳамла мекунанд.
“Роҳ ба сӯи Тиён-Шон”: дар Тоҷикистон рушди роҳҳои мошингард баррасӣ шуд
ВКД сабаби ҳодисаи марбут ба зани 23-соларо, ки аз ошёнаи 5-ум дар Кӯлоб афтод, шарҳ дод
Чаро Тоҷикистон дар безараргардонии фурӯзонакҳои каммасраф муваффақ нашуд?
“Воридот ва фурӯши сатру либоси сиёҳ манъ аст”. Ин ба кори фурӯшандагон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Бар зидди писари раиси бозори Ёвон парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҷузъиёти кордзании хонандагон
Боришот зиёдтар мешавад: обуҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон
“Худам шоҳу табъам вазир?”. Мансабдороне, ки парвои интиқод надоранд
Эмомалӣ Раҳмон аз фориғболиву бемасъулиятии роҳбарони муассисаҳо, роҳбарони илмӣ ва докторантҳо гуфт
КОА беасос будани фошкориҳои “Диссернет”-ро собит накард. Интиқоди дубора ва шадиди Эмомалӣ Раҳмон аз асардуздии олимони тоҷик
Боз як ширкати Чин дар МОИ “Панҷ” неругоҳи барқи офтобӣ месозад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста