Сабаби муноқишаву ҷанҷоли тоҷикистониён дар шаҳри Екатеринбурги Русия, ки дар ҷараёни он ду нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ кушта шуданд, ҷаримаи автомашина буда метавонад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург.

“Муноқиша барои хариду фурӯши автомашина рух додааст, - гуфт манбаъ. - Молики автомашинаи фурӯхташуда қаблан ҷаримаро пардохт накардааст. Агар хато накунам, ин ҷо сари ҳамагӣ 5 ҳазор рубл ҷарима сухан меравад”.

Аз пешниҳоди дигар ҷузъиёти масъала манбаъ худдорӣ кард.

Ӯ ҳамчунин тасдиқ намуд, ки як тан аз гумонбаршудагон - Суҳроб Давлатов боздошт шудааст.

“Дигариро шояд имрӯз дар ҳамин ҷо боздошт кунанд. Боз сеюмаш ҳам ҳаст, ки эҳтимол дар қаламрави Қазоқистон пинҳон шудааст”, - изҳор дошт манбаъ бидуни ифшои ному насаби онҳо.

Зимнан зикр шуд, ки рӯзи 14 июн намояндагони Консулгарии генералӣ бо пайвандони ҳалокшудагон вохӯрдаанд.

“Ба онҳо дар таҳияи ҳуҷҷатҳо ва фиристодани ҷасадҳо ба ватан кумак расонида шуд”, - илова кард манбаъ.

Чӣ ҳодиса рух дод?

Шаби 11 ба 12 июн дар шаҳри Екатеринбурги Русия бо иштироки зодагони Тоҷикистон ҷанҷолу занозании гурӯҳӣ доир гардида, дар натиҷа ду тоҷикистонии соли таваллудашон 1984 ва 2002 - Темур Исмоилов ва Ҳофиз Ниёззода аз зарби корд ҳалок шуданд. Боз 3 нафар дигари иштирокчиёни ҷанҷол бо ҷароҳатҳо дар бемористони №36-и шаҳр бистарӣ шудаанд.

Роҳбари диаспораи тоҷикони Урал Фаррух Мирзоев хабар дода буд, ки ҳарду ҳалокшудагон дар як сохтмоне дар Екатеринбург кор мекардаанд. Ба гуфтаи ӯ, яке аз дигаре пул қарздор буда, бо одамони худаш барои ҳалли масъала омадааст, ки дар натиҷа муноқиша шудааст.

“Ин ҷо ҳалли масъала байни танҳо тоҷикон буд, - изҳор дошта буд номбурда. -Онҳо аввал муноқишаи лафзӣ ва сипас кордкашӣ кардаанд, ки дар натиҷа ду кас ҳалок шуданд. Ягон пул ба умри инсон намеарзад”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.